Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоВохӯрии муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

Вохӯрии муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

23.09.2024 266

         Санаи 23 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи вазорат вохӯрии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо Холгер Крей – менеҷер оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқавории Бонки Ҷаҳонӣ барои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ  баргузор гардид.

         Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ,  сохтмони марказҳои агрологистикӣ, ташкили лоиҳаҳои нав, пешгирии тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва ба он мутобиқ намудани зироатҳо, имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содиротро мавриди баррасӣ қарор доданд.

      Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва амалисозии лоиҳаҳои минбаъда изҳори сипос намуд.

       Холгер Крей – менеҷер оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқавории Бонки Ҷаҳонӣ барои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ   ҳавасмандии Бонки ҷаҳониро ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии лоиҳаҳову барномаҳо ибрози назар намуд.


Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон