Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ (ба ҳолати 27.09.2024)

ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ (ба ҳолати 27.09.2024)

01.10.2024 285

Рафти пахтасупорӣ дар ҷумҳурӣ

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти пахтасупорӣ дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта 174976,5 гектарро ташкил дода, ба санаи 27.09.2024 аз аввали мавсим 68584,8 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҳосилнокӣ аз як гектар 3,9 сентнерро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 27.09.2024 дар майдони 306966 гектар кишти ғалладонагиҳо  гузаронида шудааст.

Аз аввали мавсим майдони 296869 гектар даравида, майдони 283775 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 872214 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 30,7 сентнерро ташкил медиҳад.

 Ҷамъоварии ҳосили гандум 

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба ҷамъоварии ҳосили гандум  мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 27.09.2024 дар майдони 207620 гектар кишти гандум  гузаронида шудааст.

Аз аввали мавсим  майдони 207231 гектар даравида, 207001 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 648241 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 31,3 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии сабзавот дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 27.09.2024 дар майдони 39978 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Масоҳати ҷамъоваришуда 37450 гектар буда, ҳосили умумӣ 1222084 тонна ва ҳосилнокӣ 326,3 сентнерро ташкил медиҳад.

Аз он пиёз 548486 тонна, карам 56489 тонна, помидор 221181 тонна, бодиринг 121170 тонна, сабзӣ 137387 тонна ва дигар намуди сабзавотҳо 137370 тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии картошка дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 27.09.2024 дар майдони 37613  гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 23498 гектар буда, ҳосилнокӣ 181  сентнер ва ҳосили умумӣ 425059 тоннаро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати 27.09.2024 дар майдони 19985 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Масоҳати ҷамъоваришуда 19957 гектар буда, ҳосилнокӣ  309,1 сентнер ва ҳосили умумӣ 616776 тоннаро ташкил медиҳад

Рафти ҷамъоварии меваю ангур дар ҷумҳурӣ

         Ба ҳолати 27.09.2024 мевагиҳои ҷамъоваришуда 321686 тоннаро ташкил медиҳад, ки 73772 тоннаи онро ангур дар бар мегирад.

Захираи хӯроки чорво  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии  вазорат дар ҷумҳурӣ дар соли 2024 тибқи дурнамо 2361626 тонна хӯроки дурушт ва 104340 тонна хӯроки ширадор бояд захира карда шавад.

Ба ҳолати 27.09.2024 хӯроки дурушт 2222830 тонна ва хӯроки ширадор 51045 тонна захира карда шудааст. 

Техника ва мошинолоти кишоварзӣ

         Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.09.2024 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 29105 адад техника аз он 27517 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 79%-и он омодаи кор мебошад.

         Аз он 1443 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1126 адад комбайни ғалладарав, 8411 адад ядакҳои тракторӣ, 10973 адад испорҳои тракторӣ, 3493 адад култиваторҳо, 2308 адад тухмипошакҳо аз он: 1889 адад тухмипошакҳои пахта, 1653 адад достҳои тракторӣ, 924 адад тойбанду тагрезчин, 129 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 15 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 493 адад картошкаканакҳо, 225 картошкашинонакҳо, 18 адад мошини пахтачинӣ ва 424 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.  

         Бояд қайд кард, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ оид ба воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар 8 моҳи соли 2024 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3019 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 637 адад, комбайни ғалладарав 29 адад, испори тракторӣ 436 адад, мошини алафдаравии Е-302 22 адад, кулухмайдакунак (фреза) 45 адад, тойбанду тагрезчин 243 адад, дорупошак 68 адад, картошкашинонак 45 адад, картошкаканак 45 адад, тухмипошаки кишти дақиқи пахта 35 адад, тухмипошаки универсалӣ 12 адад, алафҷамъкунак 80 адад ва алафдаравак 247 адад.

         Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор 145 адад ва боркунак (погрузчик) 104 адад ворид гардидааст.     


              Маркази матбуот ва иттилооти

    Вазорати кишоварзӣ

    тел: 235 39 23