Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоВусъати ҳамкориҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (JICA) дар Тоҷикистон

Вусъати ҳамкориҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (JICA) дар Тоҷикистон

04.10.2024 370

    Санаи 2-юми октябри соли 2024 дар доираи ҳамкориҳои судманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (JICA) “Лоиҳаи такмили хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавассути равиши SHEP (Tajik-SHEP) дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе семинар барои шарикони рушд доир гардид.

 Мавзуи семинари мазкур “Табодули таҷрибаи мусбӣ дар самти пешбурди муштараки кишоварзии ба бозор нигаронидашуда барои хоҷагиҳои хурд дар Тоҷикистон”-ро дар бар гирифта, дар он кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд- Фонди Оғохон, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон, Фонди байналмиллалии рушди кишоварзӣ ва Бонки Осиёии рушд иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Мавриди зикр аст, ки мафҳуми равиши SHEP - ин равиши кишоварзии ба бозор нигаронидашударо пешниҳод менамояд ва тавассути беҳтар намудани усулҳои фурӯш ба афзоиши даромад мусоидат мекунад.


         Шуъбаи матбуот ва иттилоот