Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ (ба ҳолати 04.10.2024)

Гузориши матбуотӣ (ба ҳолати 04.10.2024)

07.10.2024 234

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ

         Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо мувофиқи  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 04.10.2024 дар майдони 306966 гектар кишти ғалладонагиҳо  гузаронида шудааст.

   Аз аввали мавсим майдони 297810 гектар даравида, майдони 284082 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 873275 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 30,7 сентнерро ташкил медиҳад.

                                        Ҷамъоварии ҳосили гандум 

              Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба ҷамъоварии ҳосили гандум  мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 04.10.2024 дар майдони 207620      гектар кишти гандум  гузаронида шудааст.

   Аз аввали мавсим  майдони 207431 гектар даравида, 207151 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 648480 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 31,3 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ

      Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта 174979 гектарро ташкил дода, ба санаи 04.10.2024 аз аввали мавсим 101573 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. 

Рафти ҷамъоварии картошка дар ҷумҳурӣ

   Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати  04.10.2024 дар майдони 37613  гектар картошка кишт    карда шудааст.

   Масоҳати ҷамъоваришуда 24526 гектар буда, ҳосилнокӣ 205 сентнер ва ҳосили умумӣ 504000 тоннаро ташкил медиҳад.

 Рафти ҷамъоварии сабзавот дар ҷумҳурӣ 


  Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 04.10.2024 дар майдони 39978 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

         Масоҳати ҷамъоваришуда 37615 гектар буда, ҳосили умумӣ 1274148 тонна ва ҳосилнокӣ 339 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 598683  тонна, карам 56505 тонна, помидор 221220 тонна, бодиринг 121210 тонна,сабзӣ 138838 тонна ва дигар намуди сабзавотҳо 137691 тонна             мебошад.

Ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

         Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати           04.10.2024 дар майдони 19985 гектар полизӣ кишт карда шудааст.          Масоҳати ҷамъоваришуда 19985 гектарбуда, ҳосилнокӣ  319,5          сентнер ва ҳосили умумӣ 638440 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии меваю ангур дар ҷумҳурӣ

         Ба ҳолати 04.10.2024 мевагиҳои ҷамъоваришуда 340941 тоннаро      ташкил медиҳад, ки 92538 тоннаи онро ангур дар бар мегирад.

Захираи хӯроки чорво  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

             Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ,моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии    вазорат дар ҷумҳурӣ дар соли 2024 тибқи дурнамо 2361626 тонна хӯроки  дурушт ва 104340 тонна хӯроки ширадор бояд захира карда шавад.

         Ба ҳолати 04.10.2024 хӯроки дурушт 2243755 тонна ва хӯроки ширадор 53055 тонна захира карда шудааст.

Техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ

              Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати  01.09.2024  дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 29105 адад техника аз он 27517 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 79%-и он омодаи кор мебошад.

    Аз он 1443 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1126 адад комбайни ғалладарав, 8411 адад   ядакҳои тракторӣ10973 адад испорҳои тракторӣ3493 адад          култиваторҳо, 2308 адад тухмипошакҳо аз он: 1889 адад тухмипошакҳои пахта, 1653 адад достҳои тракторӣ924 адад тойбанду тагрезчин, 129 адад комбайнҳои хӯроки      чорвоғундор,  15 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 493 адад картошкаканакҳо, 225 картошкашинонакҳо, 18 адад мошини  пахтачинӣ ва 424     адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.           Бояд қайд кард, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ оид ба воридоти    техника  ва мошинолоти кишоварзӣ дар моҳи соли 2024 ба ҷумҳурӣ      ҳамагӣ 3019 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 637 адад, комбайн иғалладарав 29 адад, испори тракторӣ 436 адад, мошини алафдаравии Е-302 22 адад, кулухмайдакунак (фреза) 45 адад, тойбанду тагрезчин 243 адад, дорупошак 68 адад, картошкашинонак 45 адад, картошкаканак 45 адад, тухмипошаки кишти дақиқи пахта 35 адад, тухмипошаки универсалӣ 12 адад, алафҷамъкунак 80 адад ва алафдаравак 247 адад.

       Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор  145  адад  ва боркунак (погрузчик)  104 адад ворид гардидааст.    

 Маркази матбуот ва иттилооти 

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 235 39 23