Мулоқоти муовини вазири кишоварзӣ бо муовини ёвари маъмурияти Агентии рушди байналмилалии ИМА
8 октябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи вазорат мулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо муовини ёвари маъмурияти Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) хонум Анджали Каур баргузор гардид.
Дар доираи мулоқот раванди татбиқи лоиҳаҳои USAID дар Тоҷикистон, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти органикӣ ва рушд истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, рушди занҷираи арзиши иловашуда, таҳкими иқтидори содиротӣ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонию фермерию бо назардошти чолишҳои солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, дастгирии занони деҳот, баланд бардошти савияи дониши кишоварзон, идомаи дастгириҳои USAID дар самти ташкили низоми гази органикӣ дар хоҷагиҳои хонаводагӣ ва дигар масъалаҳои таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Мулоқоти мазкур дар фазои созанда ва хусни тафоҳум доир гардида, ҷонибҳо имзои лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзӣ ва USAID-ро баҳри ҷалби бештари сармоя ба соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад шумориданд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон