Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоҚарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» аз 01 октябри соли 2024, №521  

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» аз 01 октябри соли 2024, №521  

11.10.2024 311

Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 (минбаъд – Барнома) бо мақсади амали намудани банди 41 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сархати 3 банди 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2024, №41 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024» таҳия карда шудааст.

Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома идома додани рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, корхонаҳои коркард бо ашёи хом, рушди содиротии мамлакат, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, татбиқи иқтисоди “сабз”, сабзазоркунӣ, ҳалли мушкилоти экологӣ, пешгирии гармшавии иқлим, таназзулёбии заминҳои кишоварзӣ ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонагӣ ба ҳавои атмосфера иборат мебошад.

Талаботи замон моро водор менамояд, ки усулҳои нави боғдории ҳозиразамон, яъне бунёди боғҳои суперинтенсивӣ ва интенсивиро бо ниҳолҳои сертификатсияшудаи навъҳои дарахтони мевадиҳандаи минтақабобу серҳосил ва ба тағйирёбии иқлим устувор, аз лиҳози иқтисодӣ самаранокро вобаста ба талаботи бозорҳои содиротӣ ҷавобгӯ бунёд намоем.

Иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдонҳои боғу токзорҳои ҳосилнокиашон баланд аз ҳисоби ниҳолҳои сертификатсияшудаи навъҳои серҳосил бунёд ва барқаррор карда шуда,дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин ҳамасола майдони он зиёд ва талаботи аҳолӣ, корхонаҳои коркард бо ашёи хом пурра таъмин ва як қисми он ба содирот равона карда шавад. Амалигардонии вазифаҳои гузошташудаи Барнома дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ, буҷети маҳаллӣ, маблағҳои махсус, бахши хусусӣ ва шарикони рушд ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба нақша гирифта шудааст.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон


ҚҲҶТ № 521 (2).pdf

Зеркашӣ кунед (Вазн 3.22 Mb)Навъи файл: pdf