Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоИди Меҳргон меояд!!!

Иди Меҳргон меояд!!!

15.10.2024 26

Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санаи 20 октябр дар МД “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-и пойтахт дар “Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ” дар доираи чорабинии мазкур “Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал”, “Иди себ ва ангур”, “Оши палав намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ” бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар назар аст, ки дар чорабинӣ кишоварзони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо дастранҷи худ иштирок менамоянд.
Марҳабо ба Иди Меҳргон!
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон