Ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли 2024
16.10.2024 156
Санаи 16 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид, ки дар он Раиси кумитаи иттифоқи касаба Сафаров Миралӣ, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат, сарраёсати ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои алоҳида ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Ҷаласаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ифтитоҳ намуда, маърӯзаро оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли 2024 муовини якуми вазир Асозода Н.М. қироат намуданд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Дар нуҳ моҳи соли 2024 мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 52,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,4 фоиз зиёд мебошад, аз он ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 39,1 миллиард сомониро ташкил дода, 11,9 фоиз ва чорвопарварӣ 13,1 миллиард сомонӣ баробар гардида 9,8 фоиз афзудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1506,7 ҳазор тонна, пахта 103,8 ҳазор тонна, картошка 937,4 ҳазор тонна, сабзавот 2669 ҳазор тонна, полизӣ 1028,3 ҳазор тонна, мева 614,8 ҳазор тонна, ангур 196,3 ҳазор тонна, гӯшт 213,6 ҳазор тонна, шир 723,3 ҳазор тонна, тухм 891,3 млн. дона, пашм 7435,2 тонна, асал 4259,7 тонна ва моҳӣ ба 2908,6 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо 6,2 фоиз, картошка 16,5 фоиз, сабзавот 8,9 фоиз, полизӣ 12,4 фоиз, мева 20,1 фоиз, ангур 32,6 фоиз, гӯшт 5,6 фоиз, шир 5,0 фоиз, тухм 3,2 фоиз, пашм 3,8 фоиз, асал 4,9 фоиз, моҳӣ 4,6 фоиз зиёд гардид.
Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир ва тухм бориз буда, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон 2747,6 ҳазор сар (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ум 120,6 ҳазор ё 4,6 фоиз зиёд), аз он модагов 1435,6 ҳазор (79,8 ҳазор ё 5,9 фоиз зиёд), қутос 29,4 ҳазор (514 сар ё 1,8 фоиз зиёд), гӯсфанду буз 7104,9 ҳазор (482,5 ҳазор ё 7,3 фоиз зиёд), асп 90,6 ҳазор (3,6 ҳазор ё 4,1 фоиз зиёд), оилаи занбури асал 275,5 ҳазор оила (11,1 ҳазор ё 4,2 фоиз зиёд) ва паранда 12767,1 ҳазор сар (1095 ҳазор ё 9,4 фоиз зиёд) ба қайд гирифта шудааст.
Инчунин сардорони сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа ахборот пешниҳод намуданд.
Аз ҷониби Раёсати ҳайати мушовара ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон