Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоТаҷлили Иди Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон

Таҷлили Иди Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон

20.10.2024 352

Санаи 20 октябри соли равон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар МД “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-и пойтахт дар “Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ” дар доираи чорабинии мазкур “Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал”, “Иди себ ва ангур” ва “Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ” бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, роҳбарон ва намояндагони вазорату кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, намоядагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сарраёсат ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, гуруҳи сафирон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Дар ҷашнгоҳ дастранҷи заҳмати марди деҳқон аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳа, инчунин намудҳои гуногуни Оши палов, ки хоси минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошанд омода гардида ва намоиши асал пешкаши иштирокдорон ва меҳмонон гардонида шуд.
Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода шуда, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медод.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон иштирокдорони намоишро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Меҳргон шодбош гуфта, барои фаъолияти беҳтарин ва дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Иди Меҳргон изҳори сипос намуд.
Дар ҷорабинӣ барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани Иди Меҳргон Диплом, Сипоснома, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва хоҷагии беҳтарин бо инчунин як қатор вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур баҳри болидаруҳии иштирокчиён аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаш карда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон