Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоТренинги тренерон оид ба “Маҳорати суханварӣ”-и лоиҳаи Tajik-SHEP

Тренинги тренерон оид ба “Маҳорати суханварӣ”-и лоиҳаи Tajik-SHEP

16.10.2024 58


Аз санаи 8-ум то 13-уми июли соли 2024 лоиҳаи Tajik-SHEP Тренинги тренерон (ТоТ)-ро оид ба маҳорати суханварӣ барои 45 нафар омӯзандагон, ки 19 нафари онҳорошариконирушд ташкил медоданд баргузор намуд.

 Дар тренинг 45 нафар иштирок намуда, равиши SHEP-ро ба таври системавӣ тавассути иҷрои машқҳо ва кори гурӯҳӣ омӯхтанд.  

Иштирокдорон намояндагони 4 шаҳру ноҳияҳои зерҳадаф ва шарикони рушд, аз қабили, DAI, Нексигол, IFAD, Сароб ва Фонди Оғохон буданд.     Аксарияти иштироккунандагон бори аввал даъват шудаанд ва лоиҳа интизорӣ дорад, ки равиши SHEP тавассути ташкилотҳои мазукур паҳн мегардад.

Тренинги омӯзишии маҳорати суханварӣ бо мақсади баланд бардоштани малакаи суханронии омӯзандагон ва таври осону оммафаҳм баён намудани фикру андешаҳои худ дарназди оммаи мардум гузаронида шуд.

Ёдрас мешавем, ки Лоиҳаи Tajik-SHEP нахустин лоиҳаи ҷопониест, ки равиши SHEP-ро дар Тоҷикистон ва зиёда аз он дар минтақаи Осиёи Миёна муаррифӣ мекунад. Муддати лоиҳа шурӯъ аз моҳи апрели соли 2022 4.5 солро дар бар мегирад. Мақсади лоиҳа баланд бардоштани сатҳи зиндагии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ мебошад. SHEP-мафҳуми “Тавонмандсозӣ ва пешбурди хоҷагиҳои хурди растанипарварӣ-ро ифода мекунад.


Шуъбаи матбуот ва иттилоот