Фестивали анорпарварон баргузор мегардад!
31.10.2024 522
Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо санаи 02 ноябри соли равон дар шаҳри Норак “Фестивали анорпарварон” бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Дар назар аст, ки дар Фестивали мазкур хоҷагиҳои анорпарвар аз шаҳру ноҳияҳо, олимону мутахассисон, меҳмонон иштирок менамоянд.
Инчунин дар чорабинӣ хочагиҳову шахсони алоҳида, ки дар рушди анорпарварӣ саҳм гузоштаанд аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда мешаванд.
Марҳабо ба Фестивали анорпарварон!
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон