Тренинги дуввуми лоиҳаи Tajik-SHEP барои деҳқонзанон
29.10.2024 307
Санаҳои 19-20-ум ва 27-28-уми сентябри соли 2024 дар ҷамоати Гулсара Юсуповаи ноҳияи Ёвон тренинги дувуми лоиҳаи Tajik-SHEP барои деҳқонзанон бо мақсади баланд бардоштани даромаднокии онҳо тавассути 4 қадами равиши SHEP гузаронида шуд.
Тренинги мазкур аз ҷониби лоиҳаи Tajik- SHEP дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 24 нафар деҳқонзанон дар яке аз маҳаллаҳои ҷамоати Гулсара Юсуповаи ноҳияи Ёвон доир гашт.
Тренинг ба деҳқонзанон имконият дод, ки бозорро омӯзиш намуда, дар оянда баҳри баланд бардоштани самаранокии кори худ замина гузоранд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот