Фестивал-намоиши анорпарварон дар шаҳри Норак
02.11.2024 337
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Норак санаи 02 ноябри соли равон дар шаҳри Норак “Фестивал-намоиши анорпарварон” таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири кишоварзӣ Асозода Нуралӣ, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Президенти АИКТ Салимзода Амонулло, Ректори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон, намояндагони як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби рушди маҳсулот, муаррифии дастранҷи деҳқон, табодули таҷриба ва татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар майдони 2722 гектар анорбоғҳо бунёд карда шуда, аз он 1359 гектар мевадиҳанда мебошад. Хоҷагидорон дар соли 2023 наздик ба 5000 тонна анор ҷамъоварӣ намуданд.
Дар “Фестивал-намоиши анорпарварон” хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида, ки дар рушди соҳаи анорпарварӣ ва баргузории чорабинии мазкур саҳми арзанда гузоштаанд бо Диплом, Сипоснома, туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадршиносӣ гардиданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон