Таҷлили 30 - солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
04.11.2024 307
Санаи 4-уми ноябри соли 2024 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазир Асозода Нуралӣ, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат ва бахшида ба 30-умин солагарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Инчунин дар чорабинӣ муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ иштирок намуд.
Муовини якуми вазир Асозода Нуралӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-умин солгарди Рӯзи Кониситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Роҳбарияти вазорат табрику муборакбод намуд.
Муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди ПҶТ, Соҳибзода Муҳаммадҷон зимни баромад ҳозиринро табрику муборакбод намуда, дар бораи таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақш ва муҳимияти дар ҳифзи ҳуқуқу озодҳои инсон ва шаҳрванд маърӯза намуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон