Семинар - машварати амалӣ дар мавзӯи “Кишти донаку тухмии дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, дарахтони нодир ва омода намудани қаламчаҳо”
04.11.2024 335
Санаи 04 ноябри соли равон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВДХН "Тоҷикниҳолпарвар" ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ба номи Мирзо Турсунзода семинар - машварати амалӣ дар мавзӯи “Кишти донаку тухмии дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, дарахтони нодир ва омода намудани қаламчаҳо” баргузор гардид.
Дар даркори семинар муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, Раиси ноҳияи Шаҳринав Вализода Абдуқодир, Директори КВДХН "Тоҷикниҳолпарвар" Зуҳурзода Қурбон, олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, хоҷагиҳои ниҳолпарвар иштирок намуданд.
Дар рафти семинари мазкур муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, Раиси ноҳияи Шаҳринав Вализода Абдуқодир, Директори КВДХН "Тоҷикниҳолпарвар" Зуҳурзода Қурбон баромад намуданд.
Инчунин дар қисмати назариявию амалӣ Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Кароматов Шарофиддин, Гулов Сайдалӣ ва Раҳматов Сулаймон оид ба "Технологияи омода намудани қитъаи замин, донаку тухмии дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, дарахтони нодир ва усули омода намудани қаламчаҳо барои кишт" ва "Тарзи гузаронидани кишти донаку тухмии дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, дарахтони нодир ва омода намудани қаламчаҳо " маърӯзаҳо намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон