Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоҶойгоҳ ва рисолати Конститутсия дар ҷомеа

Ҷойгоҳ ва рисолати Конститутсия дар ҷомеа

05.11.2024 439

Тамоми мардуми тоҷик имсол 30-солагии Қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Дар тӯли беш аз ҳазор соли давлатдории худ мардуми тоҷик бори аввал Конститутсияи давлати мустақилро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул карданд, ки он дар ташкили давлати дунявии демократӣ ва барқарор кардани сулҳ дар сарзамини Тоҷикистон нақши бузург дорад.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳуҷҷати асосие мебошад, ки асосҳои сохтори давлатӣ, тартиби ташаккул ва фаъолияти мақомотҳои асосии ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, тартиби интихобот, инчунин ваколатҳои сарвари давлат, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии шаҳрвандон, тартиби ворид намудани тағйирот ба Конститутсияро муайян мекунад. 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Ба Қонуни асосии кишвар пас аз қабул то ба имрӯз се маротиба, бори аввал 26 сентябри соли 1999, дуюм маротиба 22 июни соли 2003 ва бори охир 22 майи соли 2016 тағйиру илова ворид карда шудааст.

Конститутсия омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии рушди ҷомеаро муайян намуда, шаклҳои моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати шахсро бо давлат ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муҳимтарини онҳоро танзим мекунад.

Вазифаи асосии Конститутсия аз он иборат аст, ки он дар натиҷаи тағйироти назаррас дар ҳаёти ҷамъиятӣ қабул шуда, заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқии рушди минбаъдаи он мегардад. Принсипҳои бунёдии Конститутсия ҳам дар низоми иҷтимоӣ - сиёсӣ ва ҳам дар зуҳуроти мушаххаси давлатӣ-ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотияшон 5-уми ноябри соли 2019 бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсия қайд карданд: “Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати дарбаргирандаи арзишҳои калидии ҷомеаву давлат ва марому мақсади халқи кишвар симои таърихӣ ва муосири Тоҷикистони азизро дар худ инъикос намуд”. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқӣ мавқеи волотаринро ишғол мекунад. Ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқӣ дар заминаи он қарор гирифта, аз он сарчашма мегиранд. 

Ҳуқуқи инсон - ниҳоди муҳимтарини ҳуқуқи конститутсионӣ мебошад. Мутаносибан, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ - дар Конститутсия сабт шудаанд ва татбиқи онҳо аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Давлат барои таъмини зиндагии шоистаи инсон ва шаҳрванд шароити мусоид ва арзандаро фароҳам овардааст.

Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро, ки бо Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон танзим ва ҳифз карда мешаванд, дарбар мегирад.

Мутобиқи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ карда мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Таснифи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба мундариҷаи Конститутсия ва пояҳои шартномаҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон асос ёфтааст. Дар ин замина ҳуқуқи инсон ҷудо мешавад ба:

1.Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ;

2.Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ;

3.Ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва фарҳангӣ;

Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар ин самт кушиши зиёд ба харҷ дода мешавад. Татбиқи ин ҳадафҳо тавассути таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ, мукаммал гардонидани қонунгузорӣ тибқи талаботи муосир, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ волоияти қонунро дар заминаи сулҳ ва субот дар ҷомеа таъмин хоҳад кард.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668  «Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024» ба нашр расид, ки он бо таҷлили сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки дар партави ҳидоятҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеаи худ корҳои назаррасро ба сомон расонида, ин гуна маҷлису вохӯриҳоро ба маротиб зиёд намоем, зеро баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни миллӣ ба рушди худогоҳӣ, ваҳдати миллӣ, инсондӯстӣ ва ифтихори ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди арзандаи Тоҷикистон такони тоза мебахшад. 

Сайёҳати Абдулҳафиз - мутахассиси пешбари Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ