Мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори барномаи “Пахтаи беҳтарин”-и (Better Cotton) Британияи Кабир
07.11.2024 504
Санаи 07 ноябри соли равон муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо Директори барномаи “Пахтаи беҳтарин”-и (Better Cotton) Британияи Кабир Ивета Овури баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи парвариши пахтаи “Пахтаи беҳтарин” (BCI) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса доданд.
Дар доираи мулоқот Созишномаи ҳамкорӣ аз ҷониби Директори барномаи “Пахтаи беҳтарин” (Better Cotton) Британияи Кабир бо ҶДММ "Сароб" ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон