Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРОТИ МАНФИАТҲО

ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРОТИ МАНФИАТҲО

08.11.2024 529

Номи лоиҳа: Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот

Рақами грант: 0598-TAJ

Рақами  лоиҳа: 54111-008

Агентии иҷроия: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Бонки Осиёии Рушд барои лоиҳаи бартараф кардани осебпазирӣ ва беҳтар кардани зиндагии занони деҳот, беҳбуди малакаҳои кишоварзии занон дар Тоҷикистон аз хазинаи Фонди махсуси рушди БОР 17,5 миллион доллар кумаки бебозгашт тасвиб кардааст. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани тавонмандсозии занони деҳот ва воситаҳои зиндагии устувор ва (i) баланд бардоштани ҳосилнокии хоҷагиҳои деҳқонии занон ва беҳбуди шароит барои кор  кард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ (ii) тақвияти ҷалби занон-истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон ба занҷири арзиш ва коркард; ва (iii) навсозӣ ва таҳкими чор маркази мавҷудаи бӯҳронӣ бо паноҳгоҳҳо дар вилояти Хатлон. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба занони деҳқони дорои боғҳои наздиҳавлигӣ дода мешавад, ки аксари онҳо ҳамчун мардикор (коргарони мавсимӣ) фаъолият мекунанд.

Вазорати кишоварзӣ ҳамчун агентии иҷрокунандаи лоиҳа амал мекунад. Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила ба ҳайси татбиқгари лоиҳа баромад мекунанд. Ҷиҳати татбиқи лоиҳа, таҳти роҳбарии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) таъсис дода мешавад. ГТЛ барои татбиқи умумии лоиҳа, аз ҷумла идоракунӣ, тарҳрезӣ, харид, назорати сохтмон, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ масъул хоҳад буд. Мӯҳлати тахминии татбиқи лоиҳа аз моҳи октябри соли 2024 то октябри соли 2029 буда, 5 солро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин, агентӣ оид ба татбиқ мутахассисони соҳибихтисосро барои иштирок дар озмун барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ даъват мекунанд, аз ҷумла

            Ҳамоҳангсози саҳроӣ (ВК) (СТ

            Ҳамоҳангсози саҳроӣ (ККЗО) (СТ

            Ассистент оид ба пардохт (СТ

            Ассистент оид ба харид (СТ

            Тарҷумон (СТ

            Мутахассис оид кафолат (экологӣ ва иҷтимоӣ) (СТ

         Довталабон бояд маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан пешниҳод кунанд:

• Ариза ба номи Директори лоиҳа бо забони тоҷикӣ;

• CV бо имзо ва сана бо забонҳои тоҷикӣ (Маълумотнома) ва англисӣ (ADBFormat /формати БОР);

• Тавсиянома аз ҷойи кори охирин;

• Нусхаи диплом ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси зарурӣ;

• Нусхаи сертифкатҳои марбут ба вазифаи дархостшуда.

Ҳуҷҷатҳои дар боло зикр гардида, бояд дар конверт бо нишон додани вазифаи холӣ ва номи номзад ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд:

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, Тоҷикистон, кӯчаи Шамси 5/1 (ошёнаи 7, Нигина Раҷабова).

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 20 ноябри соли 2024, соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Барои маълумоти иловагӣ, лутфан аз соати 9:00 то 17:00 аз рӯзи душанбе то ҷумъа бо мо тамос гиред, Телефон: +992 935700177 / 550100888; ё почтаи электронӣ: niginstat@list.ru