Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоТаҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.11.2024 402

Санаи 15-уми ноябри соли 2024 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини вазир Зеваршои Зеваршо, сардорни раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат, инчунин муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкурро муовини вазир Зеваршои Зеваршо ифтитоҳ намуда, аз номи роҳбарияти Вазорат кулли кормандонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.
Зимни суханрониҳо оид ба таърихи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаму оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамоми соҳаҳо дар ҷумҳурӣ ва хусусан дар рушди соҳаи кишоварзӣ андешаҳо иброз карда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон