Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоРушди ҳамкориҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (JICA) дар Тоҷикистон ва шарикони рушд

Рушди ҳамкориҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (JICA) дар Тоҷикистон ва шарикони рушд

18.11.2024 387

       Санаи 2-юми октябри соли 2024 дар Меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе семинари SHEP барои шарикони рушд баргузор гардид.       

          Семинар аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо лоиҳаи Tajik-SHEP ташкил ва баргузор карда шуд. Ин кӯшиши нахустин барои доир кардани семинари SHEP дар Тоҷикистон буд, ки шарикони рушдро ба ҳам овард ва дар он 11 намояндагони шарикони рушд аз ҷумла Фонди Оғохон (AKF), Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP), Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон (KOICA), Фонди байналмиллалии рушди кишоварзӣ (IFAD), Бонки Осиёии рушд (ADB), Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO), Нексигол (Nexsigol), Сароб (Sarob), Бонки ҷаҳонӣ (WB), DAI ва Hilfswerk иштирок карданд.

   Мақсади он табодули машғулиятҳои амалӣ намудаи лоиҳаи Tajik-SHEP ва Фонди Оғохон бо дигар шарикони рушд дар соҳаи кишоварзӣ барои паҳн кардани равиши SHEP мебошад. Дар семинари мазкур 11 намояндагони шарикони рушд иштирок карданд.

         Интизор меравад, ки бо ҷалби шарикони рушд дар соҳаи кишоварзӣ, ки дар Тоҷикистон ба таври муассир амал мекунанд ва нақши татбиқкунандагони SHEP-ро ба ӯҳда мегиранд, SHEP метавонад шумораи бештари деҳқононро ҷалб намуда, паҳн гардад.


Шуъбаи матбуот ва иттилоот