Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоИштироки муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи COP-29

Иштироки муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи COP-29

20.11.2024 339

Санаи 19 ноябри соли 2024 муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ дар чорабинии сатҳи баланди Конфронси 29-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар мавзӯи «Рӯзи озуқаворӣ, кишоварзӣ ва об», ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар доираи ҷаласаи канории мазкур мушкилотҳои ҷиддӣ, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ дар саросари ҷаҳон гузошта мешавад, бо таваҷҷуҳ ба таҳкими низомҳои устувори ғизо ва таъмини идоракунии устувори он баррасӣ гардиданд.

Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи кишоварзӣ ва мушкилоти афзояндаи глобалии тағирёбии иқлим, роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Рӯзи озуқаворӣ, кишоварзӣ ва об» доир ба мушкилотҳои соҳавӣ ва ташаббусҳои кишвар вобаста ба обу иқлим  суханронӣ намуд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот