"ФЕСТИВАЛ- НАМОИШ ВА ФУРӮШИ ЧОРВОИ ЗОТӢ"
20.11.2024 365
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳру ноҳияҳои алоҳида санаи 20 ноябри соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ “Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ” баргузор карда шуд.
Дар Фестивал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, муовини вазири кишоварзии Назарзода Машокир, Президенти АИКТ Салимзода Амонулло, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва дигар шахсони мутасадӣ иштирок намуданд.
Дар фестивали мазкур ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ дар самти чорвопарпарӣ, хоҷагиҳои зотпарварӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзида, дастовардҳои чорвопарварии худро ба намоиш гузоштанд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон баромад намуда, зимн суханронӣ оид ба дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳуқумати мамлакат ба соҳаи кишоварзӣ хусусан бахши чорводорӣ қайд карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 ноябри соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон 2747575 сар, аз он модагов 1436246 сар, қутос 29238 сар, гӯсфанду буз 7095167 сар ва асп 90768 сар ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ гӯшт 266,8 ҳазор тонна, шир 833,6 ҳазор тонна ва пашм 8096 тонна истеҳсол карда шудааст.
Дар фарҷоми фестивал ба як қатор иштирокчиён ва шахсоне, ки дар рушди соҳаи чорводорӣ саҳми арзанда доранд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон