Семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Ташкили боғҳои нави ба содирот нигаронидашуда, рушди занбӯриасалпарварӣ, фаровонии маҳсулот дар робита ба бехатарӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ”
21.11.2024 649
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 ноябри соли равон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Ташкили боғҳои нави ба содирот нигаронидашуда, рушди занбӯриасалпарварӣ, фаровонии маҳсулот дар робита ба бехатарӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ" баргузор гардид.
Дар даркори семинар Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло, Раиси ноҳияи Файзобод Каримзода Мансур, муовини директори Агентии захираҳои моддии назди ҲҶТ Нурмаҳмадзода Тоҷиддин, муовини директори МД "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ" Қурбонов Боймурод, масъулини сохторҳои Вазорати кишоварзӣ, раёсат, шуъбаву бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои алоҳида ва хоҷагидорон иштирок намуданд.
Дар рафти семинари мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло, Раиси ноҳияи Файзобод Каримзода Мансур баромад намуданд.
Инчунин дар қисмати назариявӣ Гулов Сайдалӣ - профессори кафедраи меваю сабзавотпарварии ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзӯи “Бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар заминҳои бо намнокӣ таъминбуда дар шароити ноҳияи Файзобод”, Шарипов Абдурашит - профессори ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзӯи "баланд бардоштани ҳосили дарахтони мевадиҳанда бо роҳи гардолудкунӣ бо истифода аз оилаҳои занбӯр", Ахмедов Турсунбой - профессори ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзӯи "Парвариши васеи сабзавотҳо ва картошка дар ноҳияи Файзобод", Ҷалил Пиризода – Директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзӯи “Самаранокии иқтисодии боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ нисбати боғҳои анъанавӣ”, Бердиев Пулат корманди МД "Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ" дар мавзӯи "Чораҳои мубориза бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳо", Зарипов Анвар - сардори раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ "Дар бораи қонунгузориҳои соҳавӣ", Асадуллозода Изатулло - Директори КВД "Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои кишоварзӣ" дар мавзӯи "Рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Насруллоев Акмалҷон намояндати ТҶ "Нексигол" дар мавзӯи "Технологияи истеҳсоли биогаз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" маърӯзаҳо намуданд.
Дар фарҷоми кори семинар Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи тамоми иқтидорҳои соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба масъулин маслиҳатҳои муфид доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон