Мулоқот оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
26.11.2024 229
Санаи 26 ноябри соли равон бо мақсади иҷрои муқарраротҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 оид ба татбиқи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ ва пешгирии амалҳои номатлуби коррупсионӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргзор гардид.
Дар ҷаласа муовини вазири кишоварзи Назарзода Машокир, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихон Абдулҳаким, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва намояндагони муассисаву ташкилотҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.
Розиқзода Алихон Абдулҳаким ҷиҳати дар амал татбиқ намудани иҷрои муқарраротҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 оид ба татбиқи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ ва пешгирии амалҳои номатлуби коррупсионӣ баромад намуд.
Инчунин дар фарҷом мубодилаи афкор ва суолу ҷавобҳо сурат гирифт.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон