Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ
27.11.2024 516
Дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Комисияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ки дар шаҳри Ар-Риёз санаҳои 25-27 ноябри соли равон баргузор гардид, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони ба имзо расонида шуд.
Дар маросими ба имзорасонии Ёддошти тафоҳум Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдулраҳман Алфадлей иштирок намуданд.
Мақсад аз баимзорасонии Ёддошти мазкур амалисозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ дар заминаи эътимод, баробарӣ, нафъи мутақобила ва мусоидат ба рушди равобит миёни субъектҳои иқтисодии ду кишвар мебошад.
Санади мазкур ҳамкориҳои ҷонибҳоро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии муштарак, муҳофизати растаниҳо аз касалию ҳашаротҳои зараррасон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, парвариш ва мубодилаи тухмиҳои афзалиятноки зироатҳои кишоварзӣ, омӯзиши проблемаҳои соҳаи кишоварзӣ ва ҳалли онҳо ба танзим меоварад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон