ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ ОИД БА НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024
11.01.2025 230
Санаи 10 январи соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Раиси кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ Сафаров Миралӣ, Президенти АИКТ Салимзода А.Ф., ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода У.М., муовинон, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сарраёсати ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Ҷаласаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ифтитоҳ намуд.
Нахуст маърӯзаи муовини якуми вазири кишоварзӣ Асозода Нуралӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 шунида шуд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Дар соли ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 73,9 миллиард. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6 фоиз зиёд мебошад, аз он ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 50,9 миллиард сомонӣ ё 13,4 фоиз ва чорвопарварӣ 23,0 миллиард сомонӣ ё 4,9 фоизро ташкил дод. Нисбати дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 4,7 миллиард сомонӣ ё 7,0 фоиз зиёд гардида ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар зиёда аз 24,5 фоизро ташкил медиҳад.
Суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар муқоиса ба суръати рушди ҳамин давраи соли гузашта, ба андозаи 1,6 фоиз афзоиш ёфт.
Нисбат ба соли гузашта, ба истиснои истеҳсоли пахта, ки 73,5 фоизи нишондиҳандаи соли гузаштаро ташкил дод, истеҳсоли дигар маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ аз қабили ғалладонагиҳо 1828,3 ҳазор тоннаро ташкил дода, 4,2 фоиз, аз ҷумла гандум 880,7 ҳазор тонна (2,4 фоиз), картошка 1264,0 ҳазор тонна (10,4 фоиз), сабзавот 3289,2 ҳазор тонна (8,7 фоиз) аз ҷумла пиёз 836,9 ҳазор тонна (7,3 фоиз), полизӣ 1144,8 ҳазор тонна (13,4 фоиз), меваҷот 823,0 ҳазор тонна (23,9 фоиз) аз ҷумла: себ 277,7 ҳазор тонна (22,3 фоиз), зардолу 313,0 ҳазор тонна (30,5 фоиз), ангур 290,0 ҳазор тонна (1,5 баробар), истеҳсоли гӯшти чорвои калону майда 368,6 ҳазор тонна (5,0 фоиз), гӯшти паранда 47,4 ҳазор тонна (0,7 фоиз), истеҳсоли шир 1177,4 ҳазор тонна (5,3 фоиз), тухм 1265,6 ҳазор дона (3,4 фоиз), пашм 9094,5 тонна (3,9 фоиз), пилла 361,5 тонна (1,6 баробар) ва истеҳсоли асал 4882,8 тоннаро ташкил дода, 4,0 фоиз зиёд гардидаанд ва ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ мусоидат намуданд.
Инчунин ҳисоботи муовинони вазир, Президенти АИКТ, Ректори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, сардорони сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа шунида шуд.
Аз ҷониби Раёсати ҳайати мушовара ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ баромад намуда, барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулинро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, иҷрои дурнамои кишт, риояи агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру маслиҳатҳо дода шуд.
Дар фарҷом барои 15 шахсоне, ки дар давоми соли 2024 ба дараҷаҳои илмии унвони номзадӣ ва докторӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ соҳиб гардидаанд, қадршиносӣ карда шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон