Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоИштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми глобалии озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025»

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми глобалии озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025»

17.01.2025 149

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гузариш ба иқтисоди сабз ва муаррифии маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи (органикӣ) кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар давоми солҳои охир Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз», ки дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегардад иштирок намуда, молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, нигораҳо аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ, маводҳои муаррификунандаи имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, иқтидорҳои эко-кишоварзӣ ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро намоиш ва муаррифӣ намуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки Форуми глобалии озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» аз санаи 15 то 26 январи соли 2025 дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегардад.
Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон макони намоишии Тоҷикистон дар «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» ташкил намудааст.
Дар намоишгоҳи байналмилалӣ молу маҳсулотҳои кишоварзӣ, (хушкмеваҳои бастабандигардида, тармева, асал ва лавҳаи мизи намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ландшафт бо сабзавоти тару тоза), саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, обу шарбатҳои истеҳсоли ширкатҳои ватанӣ, нигораҳо аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти ороишӣ ва ҳунарҳои дастӣ, маводҳои муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, иқтидорҳои эко-кишоварзӣ ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.
Боиси қайд аст, ки дар ҳошияи Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» бо ташаббуси Вазорати федеролии озуқаворӣ ва кишоварзии Олмон, Форуми глобалии озуқа ва кишоварзӣ (15-18 январи соли 2025) гардида истодааст, ки дар он намояндагони зиёда 60 кишварҳои ҷаҳон ва ҳудуди 2000 сиёсатмадорон, олимон, тоҷирони муваффақ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд. Форуми глобалӣ дар соли 2025 таҳти унвони “Кишоварзӣ ҳамчун биоиқтисодиёти устувор” доир гардида, дар он роҳҳои устувор намудани системаи агроозуқаворӣ дар сайёра, беҳтар намудани занҷираи таъминоти маҳсулоти ғизоӣ бо дарназардошти чолишҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ мегарданд.
Намоишгоҳи мазкур платформаи тиҷоратии байналмилалӣ барои кишварҳо, минтақаҳо ва ширкатҳои молистеҳсолкунандаи тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки кишварҳои иштирокчӣ молу маҳсулоти худро дар ҳудуди бозори Аврупо муаррифӣ менамоянд. Иштирок ва муаррифии ҳарчи бештари имконияту захираҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур бамаврид буда, ширкатҳои ватанӣ ва меҳмонон имкон пайдо намуданд, ки бо намояндагони бахши давлатӣ ва хусусии ҷаҳонии кишоварзӣ, аз пешравиҳои соҳа боздид ва шиносоӣ намуда, вохӯрию суҳбатҳо доир намоянд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон