Натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.12.2024, №26/10-477, оид ба ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ ва мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 санаи 30.01.2025 соати 14:00 дар маҷлисгоҳи вазорат (ошёнаи 8) нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзӣ оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024» доир мегардад. Аз намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки иштирок намоянд.
Варақаи матбуотӣ (ПРЕСС РЕЛИЗ) дар шакли электронӣ замима гардидааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон барои тамос: 235- 38- 63, 235-39-23