Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон

07.02.2025 307
Санаи 7 феврали соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо намояндаи доимии Бонки осиёии рушд Ко Сакамото баргузор гардид.
Дар доираи мулоқот маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ҳолати амалигардии лоиҳаҳои соҳа ва дурнамои ҳамкориҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар мулоқот қайд гардид, ки дар доираи амалисозии лоиҳаҳо бо назардошти чолишҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ дар самти таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба кишварҳо баҳри мутобиқсозии соҳаи кишоварзии мамлакат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва таъмини аминияти озуқаворӣ ҳамкориҳоро боз ҳам тақвият дода шавад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон