ИНТИХОБОТ – ҲАМЧУН РАВАНДИ СИЁСӢ ВА ПАДИДАИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

07.02.2025 160
Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2-юми марти соли ҷорӣ таъин гардидааст, мулоқоти коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Вазорат доир баргузор гардид.
Дар мулоқот Юсуфбек Шодмонбеков - узви КМИР ва Ҷамшед Ҷамшедзода - коршиноси КМИР иштирок ва доир ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот, дар бораи тартибу қоидаҳои баргузории он, инчунин, масъулияти шаҳрвандон барои таъмини шаффофият ва адолати ин маъракаи муҳими сиёсӣ маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот вобаста ба интихобот аз ҷониби кормандони вазорат суолҳо пешниҳод гардид, ки коршиносони КМИР вобаста ба суолҳо андешаҳои худро иброз намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон