Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Изроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Изроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.02.2025 182

Санаи 19 феврали соли равон мулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Изроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гедеон Лустиг баргузор гардид.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд. Қайд гардид, ки бо дарназардошти мавҷуд набудани санади танзимкунандани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо истиқбол карда мешавад.
Бо назардошти таҷрибаи пешқадами Изроил дар соҳаи аграрӣ ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самти табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисон дар доираи курсҳои омӯзишии МАШАВ, ҷалби технологияи обёрии қатрагӣ, технологияҳои бунёди гармхонаҳои муосир, фермаҳои муосири чорводорӣ ва тақвияти ҳамкориҳоро миёни доираҳои соҳибкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Тарафҳо барои дарёфти самтҳои афзалиятнок ва беҳтар гардидани сатҳу сифати ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъсиси гурӯҳи кории муштаракро миёни ниҳодҳои кишоварзии ду кишвар мувофиқи мақсад шумориданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон