Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоТашрифи гуруҳи кории Ҳукумати мамлакат ба ноҳияи Деваштич

Ташрифи гуруҳи кории Ҳукумати мамлакат ба ноҳияи Деваштич

20.02.2025 189

Санаи 19 феврали соли равон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаи 17 январи соли ҷорӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, гуруҳи кории Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода, муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сараввал дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат аз захираи тухмии картошка, обёрӣ намудани заминҳои лалм дидан намуда, дар Ҷамоати деҳоти Муҷун шинонидани дарахтон ва дар Ҷамоати деҳоти Яхтан дар кишти картошкаи барвақтӣ иштирок намуданд.
Сипас дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мулоқот доир гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ зимни ҷаласаи корӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро таҳлил намуд, ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини соҳаи кишоварзӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва фаъолони ноҳия, иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи ҳар як порчаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии худӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки ноҳияи Деваштич дорои имкониятҳои васеъ буда, масъулинро зарур аст, ки барои иҷрои нақшаҳои гузошташуда фаъолиятро тақвият бахшанд. Зеро дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат ва техникаҳои кишоварзӣ ва мошинолотҳо дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда минбаъд низ дастгириҳо карда мешаванд.
Раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода зимни баромад қайд намуд, ки мо тамоми сокинони ноҳия ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилона ва самараноки замин, кишти зироатҳо дар асоси нақшаи тасдиқшуда, вусъатбахшии кишту кори баҳорӣ, обёрии саривақтии заминҳо, мубориза бо ҳашароти зараррасон, зиёд намудани кишти картошка, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, гирифтани ду-се ҳосил, таъмини рушди соҳаи чорводорӣ тамоми чораҳои заруриро меандешем.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон