Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоАРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

21.02.2025 234

Дар толори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати  Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Ватан доир гардид. Дар чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказии вазорат, идораю ташкилотҳои зертобеъ иштирок намуданд. Ҳамчунин дар ҳамоиши тантанавӣ намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ Ҳотамиён Абдурашид Ҳотам иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии тантанавиро муовини вазири кишоварзӣ Назарзода М.Ф., ҳусни оғоз бахшида, аз номи роҳбарияти вазорат ташрифи меҳмононро ба ҳамоиши тантанавӣ хайрамақдам ва ҳамаи меҳмонону кормандонро ба муносибати таҷлили 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Дар маҷлиси тантанавӣ хизматҳои шоёну беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Артиши миллӣ қайд гардида, таъкид карда шуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи бунёдгузори Артиши миллӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нерӯҳои мусаллаҳи давлати навбунёду соҳибистиқлоламон имрӯз ба  ҳимоятгари марзу буми аҷдодӣ ва шоҳсутуни Тоҷикистони азиз табдил ёфтааст.
Инчунин зикр гардид, ки дар шароити имрӯзаи вазъи ноороми ҷаҳон, ки таҳдиду хатарҳои муосир торафт шиддат мегирад, ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон бояд бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи Ватани маҳбубамон барои ҳифзи осоишу оромӣ ва гиромидошти дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ саъю талош намояд. Чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «ҳар як шаҳрванди огоҳи ҷомеа, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи неъмати бузурги зиндагии халқамон - истиқлолу озодӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд».
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон