Таҷлили Рӯзи Модар дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.03.2025 153
Санаи 6 марти соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Н.М., муовини вазир Назарзода М.Ф. ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ чорабиниро оғоз намуда, ҳамаи бонувонро аз номи Роҳбарияти вазорат бо фарорасии иди баҳору зебоӣ, санаи фархундаи Рӯзи Модар табрику муборакбод намуд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки боиси ифтихору сарбаландӣ ва шоистаи таҳсин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони арҷгузорӣ ба Зан-Модар ва қадршиносии бепоён ба заҳмату хизматҳои арзишманди модарон, санаи 8-уми мартро ҳамчун “Рӯзи модар” эълон карданд ва ҳамасола ин санаи таърихӣ дар мамлакат бо самимияти беандоза нисбат ба модарони азиз дар сатҳи баланд ва бо шукуҳи хоса таҷлил карда мешавад.
Дар фарҷом бонувон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон