Мулоқот бо Ташаббуси ҳамкории Осиё оид ба ғизо ва кишоварзии (AFACI) Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ

06.03.2025 134
Санаи 06 марти соли равон мулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо муовини Котиби Генералии Ташаббуси ҳамкории Осиё оид ба ғизо ва кишоварзии (AFACI) Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Кук-Хван баргузор гардид.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла самти чорводорию растанипарварӣ ва хизматрасониҳои машваратии соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар рафти вохурӣ вобаста ба шомил шудани Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба узвияти он (AFACI) тибқи тартиби муқарарраргардидаи қонунгузорӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ мавриди гуфту шунид қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки Ташаббуси ҳамкории Осиё оид ба ғизо ва кишоварзӣ (AFACI) ҳамчун як созмони минтақавӣ ҷиҳати пешбурди рушди устувори кишоварзӣ ва ҳамкориҳои технологӣ дар байни кишварҳои узви он мебошад, ки дар паҳн намудани технологияҳои инноватсионии кишоварзӣ, табодули дониш ва эҷоди тавонмандӣ дар минтақаи Осиё нақши муҳим дорад. Консепсияи он (AFACI) ба таъсиси шабакаи муштараки кишварҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳим дар истеҳсоли ғизо, кишоварзии устувор ва саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Тарафҳо барои дарёфти самтҳои афзалиятнок ва беҳтар гардидани сатҳу сифати ҳамкориҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ мувофиқи мақсад шумориданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон