Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикитон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

12.03.2025 114
Санаи 11 марти соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикитон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо зикр намуданд, ки ҳамкориҳои судманд таҳти роҳбарии дӯстонаву ҳамешагии Сарони ҳарду мамлакатҳо дар тамоми бахшҳо ба амал омада истодааст, соҳаи кишоварзӣ яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб меравад.
Инчунин дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии хешро бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки моҳи сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баён намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон