Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:

ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:

14.03.2025 178

1. Муовини сардори Раёсат-сардори Шуъбаи мониторинги барномаҳои давлатии Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ-3803 сомонӣ 80 дирам.
2. Сармутахассиси Раёсати растанипарварӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ-2320 сомонӣ.
3. Сармутахассиси Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ-2320 сомонӣ.
4. Сармутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ-2320 сомонӣ.
5. Сармутахассиси Шуъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ-2320 сомонӣ.
6. Мутахассиси пешбари Шуъбаи мониторинги барномаҳои давлатии Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ-1890 сомонӣ 80 дирам.
7. Мутахассиси пешбари Шуъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ-1890 сомонӣ 80 дирам.
8. Мутахассиси пешбари Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ-2 ҷой, маоши мансабӣ-1890 сомонӣ 80 дирам.
9. Мутахассиси пешбари Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ-1890 сомонӣ 80 дирам.
10. Мутахассиси пешбари Шуъбаи умумӣ ва назорати Раёсати корҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ-1890 сомонӣ 80 дирам.
11. Мутахассиси Раёсати молия ва муҳосибот-1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554 сомонӣ 40 дирам.
12. Мутахассиси Шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ-1554 сомонӣ 40 дирам.
13. Мудири Бахши муҳосибӣ ва кадрии Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ-2434 сомонӣ 84 дирам.
ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ
Барои ишғоли мансаби муовини сардори Раёсат:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои қатегорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои ишғоли мансаби мудири Бахш:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Эзоҳ: довталабон маълумоти бештарро оид ба талаботҳои тахассусӣ метавонанд тавассути сомонаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.moa.tj ва сомонаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон www.ahd.tj дастрас намоянд.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН)
- маълумотнома аз мақомоти андоз оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молу мулкӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғи судӣ;
- маълумотнома (объективка).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, н. Сино, кӯчаи Шамсӣ 5/1, телефон барои тамос: 235-39-18, 235-38-61, 235-38-44, 235-38-17.
почтаи электронӣ: kadrikishovarzi@mail.ru
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.