Гузориши матбуотӣ оид ба рафти шудгор, кишти баҳорӣ, бунёди боғ ва наслгирӣ ба ҳолати 14.03.2025

Рафти шудгор ва кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ рафти шудгор ва кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 14.03.2025 шудгор 577314 гектар ва кишти баҳорӣ дар майдони 59371 гектар гузаронида шуд.
Аз ҷумла, ғалладонагиҳо 20622 гектар, гандум 13522 гектар ва ҷав 6793 гектар мебошад, картошка 7701,3 гектар, сабзавот 18547 гектар аз он пиёз 12553 гектар, сабзӣ 2351 гектар, карам 1083 гектар ва дигар сабзавотҳо дар майдони 2159 гектар ва зироати хӯроки чорво 4787 гектар кишт карда шуд.
“Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”
Дар асоси маълумотҳо ба ҳолати 14.03.2025 ҳамагӣ дар майдони 204 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз он боғ 186 гектар ва токзор 18 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1755 гектарро дар бар мегирад.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 14.03.2025 дар ҷумҳурӣ 997 адад гармхонаҳои доимамалкунанда мавҷуд аст ва майдони умумии гармхонаҳо 174 гектар буда, дар майдони 102,4 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 50,5 гектар, бодиринг 19,7 гектар ва дигар сабзавотҳо 32,3 гектарро ташкил медиҳад.
Аз майдони умумии киштшуда ҳамагӣ ба миқдори 733,6 тонна сабзавот, аз он помидор 312,9 тонна, бодиринг 74,9 тонна ва дигар сабзавотҳо 345,8 тонна мебошад.
Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 14.03.2025 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳамагӣ майдони 2580 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 760 гектар, бодиринг 666 гектар ва дигар сабзавотҳо 1154 гектарро ташкил медиҳад.
Наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 449221 сар барраю бузғола насл гирифта шавад. Ба ҳолати 14.03.2025 204026 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19718 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 41 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: 235 39 23