Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ

25.03.2025 70

Санаи 25 марти соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳакимзода Қурбон бо Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ  Асад Маҷид Хон баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд пешгирии тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии зироатҳо, татбиқи лоиҳаҳои кишоварзӣ, содироту воридоти молу маҳсулот технологияи нав ва табодули таҷриба дар байни мамлакатҳои аъзои созмон, инчунин ҳамкориҳо дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва хушзоткунии чорво ҳавасмандии хешро изҳор намуданд.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон