ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

06.04.2025 86
Санаи 5 апрели соли равон бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукӯҳи идона дар ноҳияи Нуробод баргузор гардид.
Бахшида ба Ҷашн, маҳсули дасти ҳунармандон, таомҳои хоси Наврӯз ва анъанаву ҳунарҳои мардумӣ ба маърази иштрокдорон ба намоиш гузошта шуд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон кулли сокинонро бо Ҷашни Наврӯз аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, оид ба эҳё намудани суннатҳои аҷдодӣ аз қабили Ҷашни Наврӯз, ки яке аз талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ҳарф зада, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат доир ба таҷлили сазоворонаи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои ҳафадҳои стратегии мамлакат, корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки обу замин, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсоливу иқтисодӣ аз сокинон даъват ба амал оварданд.
Баҳри болидахотирии иштирокдорон ва сокинон барномаи бошукуҳи фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯз аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия пешкаш карда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон