БОЗДИДИ ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ РАШТ

06.04.2025 165
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла рафти кишти зироатҳои баҳорӣ, гузаронидани чорабиниҳои агротехеникии парвариши боғот аз хоҷагиҳои ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт боздид ба амал оварданд.
Зимни сафари корӣ ва боздид аз ҷараёни корҳои кишоварзӣ доир ба истифодаи самараноки заминҳо, тақвияти кишти зироатҳо, хусусан вусъат бахшидани кишти картошка, истифодаи тухмиҳои серҳосилу ба иқлими маҳал мутобиқ, риояи меъёрҳои агротехникии кишту парвариш ва ташкили дурусти мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳои зарарасон, инчунин гузаронидани коркарди боғот, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва руёнидани ҳосили хушсифату рақобатпазири ватанӣ ба масъулини ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳо дастур ва маслиҳатҳои соҳавӣ пешниҳод карда шуд.
Дар ҷаласаи Ситоди сайёри тақвиятбахшии корҳои кишоварзӣ таъкид гардид, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди устувори соҳаи кишоварзии мамлакат хоҷагиҳо бо техникаю мошинолотҳои муосир ва тухмиҳои баландҳосилу элита таъмин гардида истодаанд. Зарур аст, ки ҷавобан ба чунин дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ доир ба истифодаи самараноки маводҳои пешниҳодшуда, саривақту босифат гузаронидани кишт, риояи талаботҳои агртехникӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, барои истеҳсоли тухмӣ ва минбаъд аз ҳисоби хоҷагиҳои тухмипарварии дохилӣ таъмин намудани талаботи дигар хоҷагиҳои ноҳия корбарӣ вусъат дода шавад.
Ҳамзамон, доир ба тақвияти корҳои созандагию ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бештар шинонидани ниҳолҳои дарахтони ба шароити маҳал мутобиқ дар талу теппаҳо, қади роҳу дарёҳо, тозакунии иншоотҳои обрасонӣ, ба мавсими обёрӣ омодасозии пойгоҳҳо, вусъатбахшии гардиши хона ба хона ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ доир ба истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ, хоҷагиҳои ёрирасони назди идораю ташкилотҳо, сарфакорона истифодабарии неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, инчунин рушд додани соҳаи чорвопарварӣ, аз ҷумла парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ ба иштирокдорон тавсия ва маслиҳатҳо дода шуд.
Маркази матбуоти вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон