Гузориши матбуотӣ оид ба рафти шудгор, кишти баҳорӣ, бунёди боғ ва наслгирӣ ба ҳолати 04.04.2025

Рафти шудгор ва кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ рафти шудгор ва кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 04.04.2025 шудгор 594187 гектар, озуқадиҳии ғалладонагӣҳо 169694 гектар ва кишти баҳорӣ дар майдони 144922 гектар гузаронида шуд.
Аз ҷумла, ғалладонагиҳо 59148 гектар, гандум 22757 гектар ва ҷав 31609 гектар мебошад, пахта 30914 гектар, зиратҳои равғандиҳанда 12227 гектар, картошка 10643 гектар, сабзавот 21801 гектар аз он пиёз 14433 гектар, сабзӣ 2758 гектар, карам 1220 гектар, помидор 430 гектар, бодиринг 402 гектар, дигар сабзавотҳо дар майдони 2558 гектар, полизӣ 2915 гектар ва зироати хӯроки чорво 7129 гектар кишт карда шуд.
“Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”
Дар асоси маълумотҳо ба ҳолати 04.04.2025 ҳамагӣ дар майдони 328 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз он боғ 289 гектар ва токзор 40 гектар, интенсивӣ 25 гектар, ситрусӣ 7 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 2327 гектар, аз он боғ 2062 гектар ва токзор 265 гектар дар бар мегирад.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 04.04.2025 дар ҷумҳурӣ 997 адад гармхонаҳои доимамалкунанда мавҷуд аст ва майдони умумии гармхонаҳо 174 гектар буда, дар майдони 125,1 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 63,1 гектар, бодиринг 28,6 гектар ва дигар сабзавотҳо 33,2 гектарро ташкил медиҳад.
Аз майдони умумии киштшуда ҳамагӣ ба миқдори 877 тонна сабзавот, аз он помидор 360,7 тонна, бодиринг 111 тонна ва дигар сабзавотҳо 405,3 тонна мебошад.
Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 04.04.2025 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳамагӣ майдони 2786 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 923 гектар, бодиринг 766 гектар ва дигар сабзавотҳо 1103 гектарро ташкил медиҳад.
Коркарди кимиёвии мубориза бар зидди малах дар ҷумҳурӣ
Дар ҷумҳурӣ майдони коркард 128545 гектар ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 04.04.2025 майдони паҳнгаштаи малах 4640 гектар буда, майдони коркардшуда 4628 гектарро ташкил медиҳад.
Дар майдонҳои паҳнгашта барои коркарди кимиёвӣ 13 адад тракторҳои дорупошӣ, 11 адад автомашинаҳо, 181 адад дорупошакҳои дастӣ ва моторӣ ва 228 нафар корманд сафарбар карда шудаанд.
Коркарди тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди зараррасону касалиҳои боғу токзорҳо дар ҷумҳурӣ
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 04.04.2025 дар ҷумҳурӣ коркарди байни қаторҳо дар майдони 98526 гектар, буридани навдаҳо 111534 гектар яхобмонӣ ва оби захиравӣ 63536 гектар ва коркарди кимиёвӣ 88683 гектар дар боғҳо гузаронида шудааст.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 04.04.2025 дар ҷумҳурӣ коркарди байни қаторҳо дар майдони 20112 гектар, буридани навдаҳо 24023 гектар яхобмонӣ ва оби захиравӣ 7393 гектар ва коркарди кимиёвӣ 21250 гектар майдони токзорҳо гузаронида шудааст.
Наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 449221 сар барраю бузғола насл гирифта шавад. Ба ҳолати 04.04.2025 355875 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 279731 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 71 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: 235 39 23