Дар вазорат мулоқот оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ доир гардид

Санаи 08.04.2025 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот таҳти унвони “Муқовимат, пешгирӣ ва роҳҳои мубориза бар зидди коррупсия дар фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣвамубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Қосимзода Маъруф, муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани адлия - Абдуллозода Комрон Музафар, Нозири калони Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳамидзода Исроил Исмоил, Нозири калони Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Аъзамзода Шаҳром ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони ташкилотҳои зертобеъи он иштирок намуданд.
Мулоқотро муовини вазир Назарзода М.Ф. кушода сипас ҳисоботи сардори Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ оид ба «Таҳлили ҳолати татбиқ ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030» шунида шуд.
Дар анҷоми мулоқот ба масъулини дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони ташкилотҳои зертобеъи он ҷиҳати иҷрои пурсамари “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030» маслиҳату дастурҳои муфид дода шуд.
Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон