Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоЭълон! Озмун!

Эълон! Озмун!

11.04.2025 239

ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

Мамлакат: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номи лоиҳа: Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот

Рақами Грант: 0598-TAJ

Рақами Лоиҳа: 54111-008

Агентии иҷроия: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

      Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои маблағгузории лоиҳаи рафъи осебпазирӣ ва беҳбуди вазъи зиндагии занони деҳоти вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Хазинаҳои махсуси БОР (Фонди Рушди Осиё) 17,50 миллион доллари ИМА грант ҷудо кардааст.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси агентиҳои татбиқи лоиҳа фаъолият мекунанд. Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) таҳти роҳбарии Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила таъсис дода шудааст. ГТЛ барои татбиқи умумии лоиҳа, аз ҷумла идоракунӣ, тарҳрезӣ, харид, назорати сохтмон, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ масъул аст.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот» мутахассисони соҳибихтисосро барои иштирок дар озмуни интихобӣ барои ишғоли вазифаи холии Мушовири миллӣ оид ба харид барои дастгирии ГТЛ даъват менамоянд.

Маълумоти муфассалро дар бораи озмун метавон дар ишораи зерин дарёфт кард:

https://www.adb.org/projects/tenders/country/tajikistan

Бо вазифаҳои тахассусӣ барои Мушовири миллӣ оид ба хариддар ишораи зерин шинос шудан мумкин аст: https://l1nq.com/tor-national-procurement

Довталабон бояд маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан пешниҳод кунанд:

Маълумотнома (CV) https://l1nq.com/malumotnomaбо имзо ва сана ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (https://l1nq.com/cv-adb-format)

• Нусхаи диплом ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси зарурӣ; 

• Нусхаи сертифкатҳои марбут ба вазифаи дархостшуда.

Ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида, бояд дар конверт бо нишон додани вазифаи холӣ ва номи номзад ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд:

734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 27 (Бинои КВД «Мадад», Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи 2, утоқи кории Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, ба Менеҷери ГТЛ Тагозода Одил).

Мӯҳлати нищоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 18 апрели соли 2025, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ.

Маълумоти иловагиро, аз соати 9:00 то 17:00 аз рӯзи душанбе то ҷумъа гирифтан мумкин аст, Телефон: +992 555 44 02 24, ё ки +992 918 62 57 95

Почтаи электронӣ: piglerwp@gmail.com;