Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоКонференсияи дуюми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав” баргузор мегардад

Конференсияи дуюми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав” баргузор мегардад

18.07.2023 1 002

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти ҳамагон мерасонад, ки Конференсияи дуюми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав” бо иштироки олимону мутахассисони ватанию хориҷии соҳа, хоҷагиҳои зотпарварии бахши давлативу хусусӣ ва гусфандпарварон баргузор карда мешавад.

Макони баргузории Конфронс санаи 28 июл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва санаи 29 июл дар мавзеи Хоҷа Сангхоки Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб доир мегардад.

Дар рафти намоиши гусфанди зоти ҳисорӣ беҳтаринҳо бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Хоҳишмандон ва шавқмандон метавонанд иштрок намоянд.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Телефон: 2-35-38-63, 2-35-39-23