Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоҶамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодиву ноҳияи Нуробод дар нимсолаи аввали соли 2023

Ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодиву ноҳияи Нуробод дар нимсолаи аввали соли 2023

10.07.2023 459

Санаи 10 июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо иштироки Вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, раёсати раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода, раисони Ҷамоатҳо, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои ноҳиявӣ ва фаъолон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид.
Дар маҷлис маърӯзаи муовини якуми раиси ноҳия Шоҳиён Маҳмад шунида шуд.
Вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баромад намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва тақвиятбахшии нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмини сифатноки нақшаи андозҳо, иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини шуғлнокии аҳолӣ, истифодаи сарфакоронаю самараноки обу замин, кишти зироатҳо, зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, бардоштани ҳосилнокии заминҳо, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти худӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмири роҳҳо ва беҳсозии вазъи муассисаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум таъкид карда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон