Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Эрон
04.07.2023 264
Санаи 4 июли соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ ва Мудири иҷроияи Корхонаи тракторсозии Эрон Мустафо Ваҳидзодаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот муовини вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо, директори КВҶД “Тоҷикагролизинг” Акрамзода Юсуф ва намояндагони корхонаи тракторсозӣ ва ширкати Тоҷирон иштирок намуданд.
Тарафҳо оид ба рушди ҳамкориҳои судманд аз ҷумла, воридоти техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ изҳори назар намуданд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар давоми 4 моҳи соли 2023 20 адад тракторҳои гуногунтамға, 40 адад тойбанду тагрезчин 1 адад дискмола ва 47 адад испори тракторӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои воридкунандаи асосии техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудааст.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон