Қисми амалии Конференсияи байналмилалии илмию амалии “Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав” дар мавзеи Хоҷа Сангхоки Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб
Санаи 29 июли соли равон бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзеи Хоҷа Сангхоки Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб бо иштироки олимон, мутахассисони соҳаи чорводорӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Фидератсияи Россия, Чин, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Канада ва Покистон Конференсияи байналмилалии илмию амалии “Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав” доир гардид.
Дар кори Конфронс Вазорати кишоварзиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, намояндагони Кумитаву Агентиҳо, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, гуруҳи меҳмонони дохиливу хориҷӣ, хоҷагиҳои гусфандпарвар ва шавқмандони соҳа иштирок намуданд.
Иштирокчиёни кори Конфронс бо дастовардҳои селексионии олимони тоҷик шинос гардиданд.
Дар ҷамъбасти Конфронс як қатор олимон, хоҷагиҳои гусфандпарвар, гусфандпарварони алоҳида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Раёсат бо Диплом, Сипосномаи ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон