Ба таваҷҷуҳи рӯзноманигорон ва намояндагони Воситаҳои ахбори омма
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.07.2023, №26/10-249, санаи 31.07.2023 соати 08:00 нишасти матбуотӣ оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023» дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур доир мегардад.
Аз намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар чорабинии мазкур иштирок намоянд.
Гузориши матбуотӣ оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023» дар сомонаи расмии вазорат ҷойгир карда шудааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон барои тамос: 235-39-23