Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоЧорабиниҳоТаҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.11.2023 390

              Санаи 15-уми ноябри соли 2023 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи кишоварзӣ” баргузор гардид.
              Ҷаласаи мазкурро муовини вазир Назарзода Машокир ифтитоҳ намуда, аз номи роҳбарияти Вазорат кулли кормандонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.
               Зимни баромад андешаҳои хешро оид ба Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамоми соҳаҳо дар ҷумҳурӣ ва хусусан дар рушди соҳаи кишоварзӣ иброз намуд.
               Инчунин дар фарҷоми чорабинӣ филми мустанади “Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ” бахшида ба ҷашни мазкур манзури кормандон гардонида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон